Иностранная филология: язык, литература, образованиеШамахмудова Азиза2019
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 2012-2020
Сайдалиев Бахтиёр
Interpretation and researches · 2012
Аннотация
и: Мақола ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки ҳифзи мероси фарҳангӣ дар сиёсати дохилии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт қабул ва татбиқи "Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020"мебошад. Тадбиқи ин Барнома як қадами муҳим дар рушди фарҳанги Тоҷикистон гардид. Вожаҳои калидӣ: мероси таърихӣ, едгориҳои таърих ва фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳо, сиесати давлатӣ, Барномаи давлатии ҳифзи мероси аҷдодӣ. Аннотация. Статья посвящена проблемам изучения и охраны памятников истории и культуры в Таджикистане. Автор отмечает, что охрана культурного наследия занимает важное место во внутренней политике Таджикистана. Одним из важный мер в этом направлении является принятие и претворение в действие «Государственной Программы охраны историко-культурного наследия на 2012-2020 годы». Программа стала важным шагом в развитии культуры Таджикистана. Ключевые слова: историческое наследие, памятники истории и культуры, охрана памятников, государственная политика, Государственная программа по охране наследия. Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012- 2020. Осори мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон миллати маҳсули ташаккули миллати қадими тоҷик ба шумор рафта, онҳо дар худ маҳсули тафаккур ва эҷоди ин миллати тамаддунофарро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ~ 354 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya ҷамъиятии ниёгонамон аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шаклҳи бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадраса ва дигар шакли хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум месозад. Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омўзиши проблемаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эътибори ҷиддди дода шудаастд. Чанде аз олимони тоҷик доир ба ин масъала асарҳо офариданду мақолаҳои илмӣ низ навиштанд [1, 5-9; 2, 10; 3, 45-56; 8, 37; 8, 7-10; 10]. Дар таҳқиқи масъалаҳои омўзиш, ҳифз, нигаҳдори ва тармими мероси ниёгон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд. Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд. Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ~ 355 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад»[9]. Таъмири ёдгориҳо ва омӯзиши ҳамаҷонибаи он, ки ҷузъи муҳими шаҳрсозии ниёгонамон ба шумор мераванд, на танҳо боиси худшиносиву худогоҳии насли наврас мегардад, балки дар рушди иқтисодиёт ва туризм нақши зиёд мегузоранд [5, 34]. Пешвои миллат бесабаб таъкид накардаанд: “Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои шукуфоии ҳар давлату миллат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро бисозад”. Яке аз чорабиниҳои давлати дар самти ҳифз ва истифодабарии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қабули Барномаҳои маҳсус мебошад. Тибқи банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2011 № 23 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 200 "Дар бораи Н
Доказательный фрагмент
«и: Мақола ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст.»
Образец извлечения
Демо-превьюи: Мақола ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.
- Цитирований
- 0
- Тип
- Журнал
- Страна
- Узбекистан
- Ключевые слова
- историческое наследие, памятники истории и культуры, сиесати давлатӣ, едгориҳои таърих ва фарҳанг, мероси таърихӣ, Барномаи давлатии ҳифзи мероси аҷдодӣ., ҳифзи ёдгориҳо
Смежные источники
Иностранная филология: язык, литература, образованиеЭМОЦИОНАЛ ТАЪСИРИ, Даниева М.Дж.2019
Иностранная филология: язык, литература, образованиеТАҲЛИЛ АСПЕКТИДА, Кенжаев Аваз Латипович2019
Медицина и инновацииМ Сабиров, О Скосырева +12021