American Journal of Philological SciencesMardanova Zilola Fatxullo qizi2024
ҲУНАРИ СУҒДИ БОСТОН: ДЕВОРНИГОРАҲОИ ПАНҶАКЕНТ
Нурова Райҳона
Interpretation and researches · 2026
Аннотация
Статья посвящена культуре древнего Согда в VII-VIII веках. В период раннего средневековья Согд был одним из развитых государств Средней Азии. Согласно археологическим раскопкам города Согда были центрами ремесла, торговли, искусства и культуры. В культуре Согда изобразительное искусство занимало ведущую роль. В статье представлен богатый материал по настенной росписи Согда на примере находок на городище древнего Пенджикента. Автор отмечает, что археологические материалы показывают большой вклад согдийцев в мировую культуру. Ключевые слова: Древний Согд, развитие культуры, археологические находки, настенная живопись, росписи пенджикентских домов, сюжеты росписей, согдийцы в мировой культуре ~ 348 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya Суғди бостон яке аз давлатҳои пешрафта ва тараққӣ кардаи Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Ибитои асрҳои миёна (асрҳои V-VIII) давраи шукуфоии фарҳанги Суғд мебошад. Тадриҷан тарвиҷ ёфтани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, дигаргун шудани афкору ҷаҳоншиносии суғдиён ва дар умум мардуми Осиёи Миёна, инкишофи дин, муколамаю мубодилаи байниҳамдигарии халқҳо қад- қади Шоҳроҳи абрешим боиси рушди фарҳанг ва маънавиёти суғдиён гардиданд ва ҳама ҷамбаҳои фарҳанг – илму адабиёт, санъати меъморию мусаввирӣ, кандакории ороишӣ, шаҳрсозӣ ва мусиқӣ вусъат ёфта, рўҳияи созанда касб карданд. Шаҳрҳои Суғд – Самарқанд, Бухоро, Пайканд, Панҷакент ба маркази илму фарҳанги Варозруд табдил ёфтанд. Ҳафриётҳои бостоние, ки дар ҳаробаҳои шаҳрҳои қадимаи Суғд (димнаи Афросиёб, димнаи Панҷакенти қадим, Кофирқалъа, димнаи Варахша ва диг.) гузаронида шуданд, доир ба пешрафти ҳунарманди ва қосибии суғдиён маводи зиёд додаанд. Бештар зарфу чизҳое ёфт шудаанд, ки онҳо аз сафол, биринҷӣ, мис, қўрғошим, тилло, оҳан ва дигар ашё сохта шуда, таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб мекунанд. Маводи аз тарафи бостоншиносон ба даст овардашуда дар бисёр рисолаҳои илмӣ, монография ва мақолаҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ таҳқиқ гардидаанд [1;2;4;6;7;8;9]. Баробари инкишофи ҳунармандӣ санъати тасвири низ хеле пеш рафта буд. Осори санъати тасвири аз Самарқанд (димнаи Афросиоб), касри бухорхудотҳои Бухоро (димнаи Варахша), Панҷакент (динаи Панҷакенти қадим) ва дигар ёдгориҳои ҳафршудаи Суғд ёфт шуд. Шумораи ин гуна осори санъати тасвирии суғдиён хеле зиёд аст. Маълум гардид, ки одати ороиши деворҳои хона дар байни суғдиён то чӣ андоза маъмул будааст, ҳол он ки то ба рўзҳои мо аз он санъати бузурги ороиш фақат резаҳое омада расидааст. Санъати тасвирии суғдиён дар деворнигараҳои Панҷакенти қадим хеле хуб омухта шудааст [3, 308-312]. Ин ҳам асос дорад, чунки аксарияти хонаҳои ашрофзодаю сарватмандони Панҷакент бо нақшу нигор ороиш шудаанд. Намунаҳои деворнигораҳоро дар қасри Деваштич кашф гардиданд. Дар рафти ҳафриёти қаср аз тарафи бостоншиноси маъруфи тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов маълум ~ 349 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya шуд, ки деворҳои қариб ҳамаи толору роҳравҳои болопўш бо деворнигораҳои ҷолиби диққат оро дода шуда буданд. Дар ин ҷода деворнигораҳои толори асосӣ – қабулгоҳи шоҳон ҷолиби диққат буда, вай санъати мукаммали ҳунармандони асрҳои VII-VIII-ро нишон медиҳад. Толор асосан бо 3-равияи санъати рассомӣ оро ёфтааст: аввал – санъати чун кашидадўзии имрўза, ки дохили он доирачаҳо боз аксҳои «мурғи самандар» кашида шудаанд. Дуюм – санъати мардонагӣ-ҳарбӣ, ки дар ин тасвирот гурўҳи саворагонеро мебинем, ки ба тарафе равонанд. Дар зери сумми аспҳо одамони мағлубшуда бо тани маҷрўҳ, бе дасту пой ва ё қисми бадан хобиданд [5,268]. Акси дигари ин мавзўъ тасвири «манҷалик» - олоти деворшикан мебошад, ки аз он ба сўи қалъаи душман кулўсанг партофта истодаанд. Мавзўи сеюми деворнигораҳо маънои дину оини асотирӣ, яъне вуҷуд доштани қувваҳои осмонии худову фариштаҳо, офтобу моҳтоб нақл менамоянд. Дар яке аз ин тасвирҳо фариштае аз осмон барои одамон табақи пур аз меваҷот ва хўрданиҳои дигарро меоварад. Фариштаи осмонӣ дар кифтҳояш бол дорад ва ғайр аз ин байни деворнигораҳо симоҳои алоҳидаро пайдо кардем, ки акси хақиқии суғдҳо мебошад. Қариб аксари мардҳо мўйлаби кўтоҳ доранд. Акси ҷавонписарон ҷолиби диққатанд. Онҳо бе кулоҳ мўи сарашон дароз то ба кифт мерасад поёни мўй ҳалқамонанд тоб хўрдааст. Ғайр аз касри ҳокими Панҷакент суратнигораҳо дар дигар хонаҳо низ кашф гардидаанд. Умуман, дар Панҷакент зиёда аз 80 хонаҳо расми рўи девор доранд. Аксари толорҳои ташрифот деворҳое доранда, ки вусъати онҳо то ба 100 м2 ва ҳатто беш аз ин аст ва чанд қатор расмҳои болоӣ ҳам доранд. Сюжети расмҳо хеле гуногун аст. Беш аз ҳама тасвири кадом як достони қадимае ба назар мерасад. Ба бостоншинос А.М.Беленитский муясаар шудааст, ки манзараҳои ин суратро ба як достони конкрети эпикӣ, яъне достони Рустам бо ҳамдигар марбут созад [3, 309]. Бисёр суратҳо дар мавзўи дин ва маросимоти динӣ ҳастанд. Саҳнаҳои зиёди саҷдаву
Доказательный фрагмент
«Статья посвящена культуре древнего Согда в VII-VIII веках.»
Образец извлечения
Демо-превьюСтатья посвящена культуре древнего Согда в VII-VIII веках. Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.
- Цитирований
- 0
- Тип
- Журнал
- Страна
- Узбекистан
- Ключевые слова
- Древний Согд, развитие культуры, археологические, рушди фарҳанг, Соғди Қадим, расмҳои деворӣ, бозефтҳои археологӣ, сюжети расмҳо, расмҳои хонаҳои панҷакент, суғдиён дар фарҳанги ҷаҳонӣ
Смежные источники
American Journal of Philological SciencesShakhlo Kurbonova2024
Иностранная филология: язык, литература, образованиеТАҲЛИЛ АСПЕКТИДА, Кенжаев Аваз Латипович2019
Анализ актуальных проблем, инноваций, традиций, решений и художественной литературы в преподавании иностранных языковScientific supervisor: B.M.Nematov, Student: K.A.Abdukhakimova2016