К содержанию
РецензированоRU2026

ВОСИТАҲОИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО ДАР РАВАНДҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ МУРАККАБ

ИСТЕҲСОЛИИ МУРАККАБ · Ҳусейнова Мавзуна Ворисҷоновна · Абдураҳмонова Азизахон Икромовна (н.и.и., дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети)

Interpretation and researches · 2026

Аннотация

Modern economic activity forces managers of production processes to constantly make decisions under uncertainty. Uncertainty becomes a serious obstacle to an efficient market, which leads to significant expenditure of effort, money, time and energy, as well as to an uneven distribution of goods and resources. The article proposes a tool that helps solve various management problems taking into account the prospective approach. Keywords: model, production processes, production risk, modeling tools. Дар шароити муосир ҳангоми тағйирёбӣ ва мураккаб гаштани сохтори равандҳои истеҳсолӣ, инчунин тадбиқи роҳу усулҳои инноватсионӣ, таҳқиқ ва идоракунии равандҳои истеҳсолӣ дар ин самт аҳамиятнок мегардад. Ҷабҳаи муҳими назарияи автомаконии равандҳои истеҳсолӣ – ин тартибдиҳии модели раванди истеҳсолӣ ва арзёбии минбаъдаи натиҷаҳои дар раванди фаъолият ноилшаванда ба шумор меравад. Сохтори комплексии равандҳои истеҳсолӣ бо ғайрихаттӣ ва мураккабӣ, мавҷудияти критерияҳои муқобили арзёбии самаранокӣ, мавҷуд набудани муносибати универсалӣ нисбати идоракунии истеҳсолот мураккабии масъалаи мазкурро муайян мекунанд. Равандҳои истеҳсолии муосир аз қисматҳои истеҳсолии бо ҳамдигар алоқаманд иборатанд, ки дар онҳо бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти тайёр амалиётҳои гуногун гузаронида мешаванд. Натиҷаҳои равандҳои истеҳсолиро бо нишондиҳандаҳои гуногун арзёбӣ намудан мумкин аст. Идоракунии равандҳои истеҳсолӣ ташаккулдиҳии модели истинодиро талаб мекунад, ки кадоме бо дақиқии талабшуда сохтор ва хусусиятҳои раванди истеҳсолиро тавсиф медиҳад. Сохтори раванди истеҳсолии воқеӣ дар истеҳсолоти муосир бо таъсири омилҳои беруна ва дохила тағйир ёфтанаш аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳолат тадбиқи усулҳои таҳлилиро ғайрисамаранок мегардонад, зеро зарурияти аз навсозии шарҳи математикии объекти идоракунӣ ба миён меояд. ~ 181 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya Барои тадбиқи усулҳои таҳлилӣ доштани донишҳои тахассусӣ дар самти моделиронии математикӣ ва омори математикӣ муҳим аст, зеро эҳтимолияти пайдоиши номутобиқатӣ байни мақсадҳои идоракунии равандҳои истеҳсолӣ ва натиҷаҳои ҳалли вазифаҳои идоракунӣ дар аксар вақт ба назар мерасанд. Барои тартиб додани модели эътимодноки раванди истеҳсолӣ усули хусусии моделиронии имитатсионӣ интихоб карда шудааст [ 2, с.400]. Ба даст овардани натиҷаи истеҳсолии муқарраргардида, мақсади раванди истеҳсолиро муайян мекунад [3, с.112]. Бояд мутаносибии мақсади раванди истеҳсолиро чӣ бо хароҷотҳои расидан ба мақсадҳо ва чӣ бо эҳтимолияти ноил нагардидан ба онҳо, ҳангоми параметрҳои истеҳсолии додашуда ва сохтори мавҷудаи раванди истеҳсолӣ ба назар гирифт. Хатари ба даст наовардани натиҷаи диххоҳ дар равандҳои истеҳсолӣ ҳама вақт мавҷуд мебошад. Барои идоракунии хатарҳо дар равандҳои истеҳсолӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода шуда истодаанд. Ҳангоми таҳлили равандҳои истеҳсолӣ муаммое оид ба сатҳи устувории натиҷа ба миён меояд, ки аз тарафи системаи лоиҳашуда дода мешавад[5, 243]. Масъалан, эҳтимолияти истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, дар ҳар як минтақаи давраи истеҳсолӣ. Ин ҳолат бузургии миёнаи миқдори маҳсулотии босифати истеҳсолшударо дар байни маҷмӯи маҳсулотҳо инъикос менамояд. Аммо дар ҳолати воқеӣ нишондиҳанда нисбат ба ҳолати эҳтимолӣ хеле паст ё баръакс баланд шуданаш мумкин аст. Агар ба шахси қабулкунандаи қарори идоравӣ барои дақиқтар пешгӯи намудани натиҷаҳои раванди истеҳсолӣ маълумот лозим бошад, он гоҳ бояд тамоми вариантҳои тамоюлҳои истеҳсолиро ҳангоми ташкили раванди истеҳсолии мазкур тасаввур карда тавонад. Барои ба даст овардани тасаввуроти пурра оид ба талафот ва фоидаи имконпазир, баррасӣ намудани тамоми самтҳои натиҷаҳои истеҳсолӣ, хориҷ намудани он натиҷаҳое, ки ноилшавиашон мушкил аст, инчунин ба даст овардани маҷмӯи муайяни натиҷаҳо, ки дар асоси онҳо қарорҳои идоравӣ қабул кардан мумкин аст, зарур мебошад. Дар натиҷа, коҳишёбӣ ё афзоиши самтҳои ~ 182 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya натиҷаҳои имконпазир аз зиёд ё кам шудани хатарҳои равандҳои истеҳсолӣ шаҳодат медиҳад. Тафтиши бисёрмаротибаи ҳолатҳои санҷишӣ дар модел ҳангоми шартҳои ибтидоии якхела ва ташкили равандҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки оид ба натиҷаҳои истеҳсолии имконпазир – аз беҳтарин то бадтарин – тасаввурот ба даст оварда шавад. Ғайр аз ин, усули мазкур имконияти муайян намудани вариантҳои интиҳодии имконпазири самтҳои истеҳсолӣ, ки ҳангоми онҳо талаф зиёд шуда, барои арзёбии эҳтимолияти ҳодисаҳои мазкур мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, шахси қарор қабулкунанда имконияти муфассал тасаввур намудани оқибатҳои қарорҳои қабулшаванда, арзёбии хатарҳо ва қабули чорабиниҳо барои коҳишдиҳии онҳоро пайдо мекунад. Азбаски графики истеҳсолиро дар нуқтаи дилхоҳ мушоҳида намудан мумкин аст, имконияти пайдо намудани он ҷойҳое, ки эҳтимолияти нарасидан ба натиҷаи муқарраргардида хеле баланд

Доказательный фрагмент

«Modern economic activity forces managers of production processes to constantly make decisions under uncertainty.»

Образец извлечения

Демо-превью

Modern economic activity forces managers of production processes to constantly make decisions under uncertainty. Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.

DOI не указан
Цитирований
0
Тип
Журнал
Страна
Узбекистан
Ключевые слова
model, production processes, production risk, modeling tools, равандҳои истеҳсолӣ, хатари истеҳсолӣ, модел, инструментҳои сохтани модел.
Спросить CiteX об этой работе

Смежные источники