Анализ актуальных проблем, инноваций, традиций, решений и художественной литературы в преподавании иностранных языковScientific supervisor: B.M.Nematov, Student: K.A.Abdukhakimova2016
НАҚШ ВА АҲМИЯТИ ҚАРЗДИҲӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарипова Дилафрӯз Маҳмудовна · Қосимов Муҳидин Нуридинович (н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии МДТ)
Interpretation and researches · 2026
Аннотация
The article analyzes the essence, role and significance of lending in the economy. It is emphasized that bank lending involves a large attraction of external funds. Comprehensive approaches to the analysis of these relationships allow not only to link the theory and practice of banking services to the population, but also to direct this system for the benefit of society, whose economy is in the process of transition to a market economy. In this regard, the credit activity of the banking system plays an important role. The author came to the conclusion that, in general, the pace of economic development of the country depends on the efficiency and continuity of the credit and financial mechanism. Key words: financial and credit services, debt, credit system, loan term, loan repayment. Ташкили хизматрасонии молиявӣ ва қарзӣ ба корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолӣ, фаъолияти низоми кредитӣ дар рушди сохторҳои хољагї нақши бениҳоят муҳим дорад. Аз самарабахшию муттасилии фаъолияти механизми ќарзиву молиявї на танҳо сари вақт маблаѓњоро ба даст овардани воҳидҳои алоњидаи ~ 137 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya хољагї, балки умуман суръати рушди иқтисодиёти кишвар вобаста аст. Айни замон, таҳаввули низоми қарзӣ ва кори қарзиро пурра вазъи иқтисодии кишвар, шаклҳои њукмрон ва механизми хољагидорї муайян мекунанд. Ба њар як марҳилаи рушди таърихӣ ва иқтисодии хољагии халќ типи дахлдори ташкили кори қарзӣ, сохтори худии низоми қарзӣ хос мебошад, ки ба эҳтиёҷоти дахлдори хизматрасонии қарзию молиявии њалќањои алоҳидаи иқтисодиёт ҷавобгӯ аст. Татбиқи низоми ќарзї дар охири солҳои 80-уми асри ХХ оғоз ёфт. Тағйир додани сохтори ташкилии низоми бонкӣ, баланд бардоштани нақши бонкҳо, таќвияти нуфузи онҳо ба рушди хољагии халќ ва ба фишанги самарабахши иқтисодӣ табдил додани қарз пешбинї шуда буд. Ангезаи асосии тағйирот љидду љањди ба бонкҳо наздик кардани манфиатҳои хољагињо буд. Таҷдиди сохтори бонкӣ то андозае ба фаъолияти бонкї такон бахшид. Аммо он вазъиятро ба таври куллӣ тағйир дода наметавонист, зеро ба моњияти муносибатҳои иқтисодӣ таъсире надошт. Муносибатҳои қарзӣ моњиятан тағйир наёфтанд: қарздиҳӣ дар реҷаи нимавтоматӣ идома ёфт, усули маъмурии тақсимоти захираҳои қарзӣ нигоҳ дошта шуд, сохтори инњисории низоми бонкӣ бартараф карда нашуд, танҳо таќсими доирањои нуфузи бонкҳои махсус аз рўи усулњои идоравӣ ба вуќўъ пайваст, ки рақобати байни онҳоро имконнопазир сохт. Њадафмандї ва фоидаоварии пешниҳоди маблағи қарз меъёрҳои фаъолияти бонкҳо нашуданд. Ба таври объективӣ давраи дуюми ислоҳоти бонкӣ зарур буд, ки он ба барқарорсозии маљмўии низоми муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи қарз равона карда шуда буд. Он соли 1988 бо таъсиси аввалин бонкњои тиҷоратӣ оғоз ёфт, ки бояд пойдевори ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ ва сохторҳо дар бахши бонкӣ пойдевор мешуданд. Таъсиси чунин бозор маънои иваз намудани муносибатҳои маъмурӣ- фармондиҳиро бо усулҳои чандири иқтисодии интиқоли захираҳои молиявӣ ба соҳае, ки истифодаи аз њама самарабахши онњоро таъмин мекард, дошт. Имрӯзҳо, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, бонки тиҷоратӣ қодир аст ба муштарӣ намудҳои гуногуни маҳсулот ва хизматрасониҳои мухталифи бонкиро ~ 138 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashuv sharoitida ilm-fan muammolari” mavzusidagi xalqaro ilmiy konferensiya пешниҳод кунад [2, с. 579]. Диверсификатсияи васеи амалиётҳо ба бонкҳо имкон медиҳад, ки ҳатто дар шароити номусоиди бозор муштариёнро аз даст надињанд ва даромаднокиашонро нигоҳ доранд. Тасодуфӣ нест, ки дар ҳама кишварҳои дорои иқтисоди бозаргонӣ онҳо ҳалқаи асосии амалкунандаи низоми ќарзї боқӣ мемонанд. Нақши қарз бо натиҷаҳои истифодаи он дар иқтисодиёт, давлат ва аҳолӣ, инчунин хусусиятҳои усулњои ноил гардидан ба ин натиҷаҳо тавсиф карда мешавад. Барои мисол сохтори сармоягузориҳои қарзиро ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буриши соњањои иќтисодиёт дар соли 2025 баррасӣ мекунем. Баргаштпазирии маблағҳо, ки ба муносибатҳои қарзӣ хосанд, якҷоя бо ситонидани фоиз барои истифодаи маблағ њавасмандиро ба сарфаи њаљми маблағи љалбшаванда ва ихтисори мӯҳлати истифодаи он зиёд мекунад. Хусусиятҳои зикршуда ва, бахусус, баргаштпазирї, мӯҳлатнокӣ ва музднокї ба баланд бардоштани наќши ќарз дар сарфаи захирањо мусоидат мекунад. Расми 1.1 нишон медињад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии аграрӣ мебошад, зеро 77% тамоми сармоягузориҳоро дар соли 2025 қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ ташкил карданд. Методњои қарздиҳӣ дар ин бахши иқтисодиёт нақши муҳимро мебозанд, зеро онҳо аз ҳисоби баргаштпазири қарз ва, чун қоида, бо пешниҳоди муздноки маблағҳои пулӣ муайян карда мешаванд. Ин масъулиятро зиёд мекунад ва ҳавасмандии иштироккунандагонро ба амалиётҳои қарзӣ афзун менамояд, онҳоро ба маќсаднокии пешнињод ва истифодаи маблағҳои қарзӣ водор месозад. ~ 139 ~ Конференсияи илмии байналмилалй “Муаммоҳои илму фан дар шароити ҷаҳонишавӣ” “Globallashu
Доказательный фрагмент
«The article analyzes the essence, role and significance of lending in the economy.»
Образец извлечения
Демо-превьюThe article analyzes the essence, role and significance of lending in the economy. Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.
- Цитирований
- 0
- Тип
- Журнал
- Страна
- Узбекистан
- Ключевые слова
- financial and credit services, debt, credit system, loan term, loan, хизматрасонии молиявию ќарзї, мўњлатнокии ќарз, ќарз, низоми ќарзї, музднокии ќарз.
Смежные источники
Иностранная филология: язык, литература, образованиеТАҲЛИЛ АСПЕКТИДА, Кенжаев Аваз Латипович2019
Медицина и инновацииМ Сабиров, О Скосырева +12021
Научные статьиM.H.Sayidova, S.U.Pulatova2025