К содержанию
РецензированоRU2026

ҚОИДАҲОИ МУРОФИАВӢ ВА УСУЛҲОИ ТАКТИКИИ БААМАЛБАРОРИИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ АЗНАЗАРГУЗАРОНБӢ

Саъдуллоев Меҳробиддин

Interpretation and researches · 1 · 2026

Аннотация

дар мақолаи илмӣ дар хусуси азназаргузаронӣ ҳамчун амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва усулҳои тактикии гузаронидани он, вазифаҳои азназаргузаронӣ, барасмиятдарории натиҷаи азназаргузаронӣ маълумот дода шудааст. Калидвожаҳо: азназаргузаронӣ, ҷои ҳодиса, дарёфт кардан объекти ҷиноят, тарафи объективии ҷиноят, субъекти ҷиноят, тарафи субъективии ҷиноят, далелҳо. Азназаргузаронии амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ ба ҳисоб меравад. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса намуди азназаргузаронии тафтишӣ мебошад. Ҷои ҳодиса дар криминалистика маҳалле (бино, иншоот) фаҳмида мешавад, ки дар он ҳодисаи тафтишшаванда содир шудааст ва оқибатҳои он дарёфт карда шудаанд. Моҳият ва фарқияти азназаргузаронӣ дар бевосита дарёфт кардан, омухтан, инъикос кардан ва мустаҳкамкунии ҳолат, хусусият ва нишонаҳои объектҳои моддӣ дар ҷои ҳодиса ифода меёбад. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҳама вақт характери комплексиро дорад: дар як вақт ҳам минтақаи маҳал, предметҳо ва ҳуҷҷатҳо ва баъзан ҷасади одам азназаргузаронида мешавад. Таҳқиқ намудани изҳои моддии ҷиноят предмет, мазмун ва мақсади охирони намуди мустақили азназаргузаронӣ - азназаргузаронии ҷои ҳодисаро ташкил медиҳад.49 Аҳамияти он хело бузург мебошад. Ин воситаи муайян намудани алоқаи байниҳамдигарии объектҳои алоҳида ва тарзи фикрронии азнавтакроркунии элементҳои асосии механизми он ҳаракатҳои минбаъдаи тафтишотӣ ва дар охир воситаи кафолатноки мурофиавӣ ва илмӣ - техникии мустаҳкамкунии натиҷаҳои гирифташуда ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии азназаргузаронии ҷои ҳодиса - дарёфти ҳама намуди алоқаи байниҳамдигарии ҷои ҳодиса бо ҳодисаи тафтишшаванда: дар якҷояги бо дигар маълумотҳо азнавтакроркунии механизми ҳодиса ва дар охир гирифтани ҷавоб ба саволи асосӣ: дар ҷои азназаргузаронӣ чи рух додааст? 49 Ниг.: Шлифт А. А. Сущность и понятие осмотра места происшествия, и следственные действия. - М.: Контракт, 1994. С. 106 209 International scientific journal “Interpretation and researches” Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2 Вазифаҳои муайяни азназаргузаронӣ дар гирифтани маълумотҳои ифодакунандаи: 1) субъекти ҷиноят (шумораи ҷинояткорон, синну соли тахминии онҳо; маълумотҳои ҷисмонӣ, ҳолати саломатӣ, ихтисос, хусусиятҳои руҳӣ ва ғайра; 2) объекти ҷиноят (хусусиятҳои ҷисмонӣ ва руҳии ҷабрдида, предмети ҷиноят, нишонаҳои фардии он); 3) тарафи объективии ҷиноят (вақт, ҷой, тарзи ҳаракати ҷинояткор, мавҷудияти алоқаи сабаби); 4) тарафи субъективии ҷиноят (шакли қасд, ангеза, мақсад ва ғайра); 5) ҳолатҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткарда. Азназаргуазрониро баамалбароварда муфаттиш вазифаҳои муайянро ҳал менамояд. Мазмуни онҳо аз хусусиятҳои ҳодисаи тафтишшаванда муайян карда мешавад. Дар ҳар як ҳолат онҳо алоҳида мебошанд. Масалан: аз рўи парвандаҳо оид ба куштор масъалаҳои аввалиндараҷа оид ба олоти ҷиноят, оид ба ҷойгиршавии байниҳамдигарии ҷабрдида ва ҷинояткор оид ба изҳои мубориза дар бадани ҷинояткор ва ғайра аз рўи парвандаҳои вайронкунии қоидаҳои бехатарии меҳнат - масъалаҳо оид ба сабабҳои ҳодисаи тафтишшаванда (таркиш, афтодани бор) оид ба воқеаҳои вайронкунии қоидаҳои техникаи бехатарӣ (онҳо дар чи ифода ёфтаанд, аз ҷониби ки роҳ дода шудаанд) ва ғайра. Дар криминалистика се тарз ё методи азназаргузаронии ҷои ҳодиса фарқ карда мешавад: консентрикӣ, эксентрикӣ ва фронталӣ. Методи консентрикӣ - азназаргузаронӣ аз канор ба маркази ҷои ҳодиса гузаронида мешавад. Дар зери марказ объекти нисбатан муҳим фаҳмида мешавад (ҷасади маит, ҷои шикаста ва ғайра) Афзалияти ин метод - дар он ифода меёбад, ки изҳои дар канор мавҷуд буда нобуд карда намешаванд. Методи эксентрикӣ - ин баракси методи консентрикӣ яъне дар ин метод азназаргузаронӣ аз марказ ба канори ҷои ҳодиса гузаронида мешавад. Муҳофизатии изҳо ҳангоми он, нисбатан камтар мебошад, вале кофтукови онҳо нисбатан муайян мебошад. Масалан: азназаргузаронии ҷасади маит ва ҷароҳатҳои он ба мақсад мувофиқ мебуд ба канор гузаронида шавад. Вазифаи аввалиндараҷаи муҳим кофтукови олоти куштор баҳисоб меравад, зеро аллакай характери ҷароҳатҳо, доираи объектҳои кофтуковшавандаро муайян менамояд. Методи фронталӣ - дар ин метод ҷои ҳодиса аз як канори ҷои ҳодиса ба канори дигар азназаргузаронида мешавад. Истифодаи чунин метод ҳангоми азназаргузаронии ҳудудҳои васеъ минтақаҳои печдарпеч, муфид аст.50 Азназаргузаронии ҷои ҳодиса марҳила ва хусусиятҳои хоси худро дорад. Марҳилаҳои азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз марҳилаи тайёрй, таҳлилӣ марҳилаи хотимавӣ иборат мебошад. Марҳилаи ибтидоӣ (тайёрӣ) ин тарз ва маълумотҳои моддӣ -техникӣ оид ба ҳозир гаштан ба ҷои ҳодиса ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила муфаттиш 50 Ниг.: Уфимчев С.П. Сулочин Н.И. Следственный осмотр. - Волгоград, 1991.308с 210 International scientific journal “Interpretation and researches” Volume 1 issue 2 (48) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2 бояд ҳама чораҳоро оид ба пешгирӣ намудани окибатҳои зараррасонро андешад ва маълумотҳоеро ҷамъ намояд, то ки нақшаи мукаммалро тартиб диҳад. Дар ҳолате, ки агар аз ҷиноят зарар

Доказательный фрагмент

«дар мақолаи илмӣ дар хусуси азназаргузаронӣ ҳамчун амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва усулҳои тактикии гузаронидани он, вазифаҳои азназаргузаронӣ, барасмиятдарории натиҷаи азназаргуза…»

Образец извлечения

Демо-превью

дар мақолаи илмӣ дар хусуси азназаргузаронӣ ҳамчун амали аввалиндараҷа ва таъхирнопазири тафтишӣ, қоидаҳои мурофиавӣ ва усулҳои тактикии гузаронидани он, вазифаҳои азназаргузаронӣ, барасмиятдарории натиҷаи азназаргуза… Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.

DOI не указан
Цитирований
0
Тип
Журнал
Страна
Узбекистан
Ключевые слова
ҷои ҳодиса, тарафи объективии ҷиноят, дарёфт кардан объекти ҷиноят, тарафи субъективии ҷиноят, азназаргузаронӣ, далелҳо., субъекти ҷиноят
Спросить CiteX об этой работе

Смежные источники