К содержанию
РецензированоRU2026

БОЗТОБИ БАДЕИИ МУҲИТИ ИҶТИМОӢ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ

БАДИИЙ АКС ЭТИШИ · ФАРЗОНЫ ХУДЖАНДИ · Мирзоев Масудҷон Кимсанович · Ахмадҷонов Парвизҷон Махамадзода · Дoнишгoҳи дaвлaтии Фaрғoнa

Interpretation and researches · 1 · 2026

Аннотация

This article investigates and analyzes the artistic reflection of national spiritual culture, the negative impact of globalization, “mass culture,” the misuse of modern technologies—particularly the digital-computerized transformation of the divine essence of humanity—in the poetry of Farzona Khujandi. Кaлидвoжaҳo: фарҳанги миллӣ, ҷаҳонишавӣ, технологияи рақамӣ, каломи бадеъ, “маданияти оммавӣ”, Фарзона, бозтоби бадеӣ, образ вa ғaйрa. 95 International scientific journal “Interpretation and researches” Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2 Tayanch so‘zlar: миллий маданият, глобаллашув, рақамли технология, бадиий сўз (ё: бадиий ифода), "оммавий маданият", Фарзона, образ ва ... Ключeвыe слoвa: национальная культура, глобализация, цифровые технологии, художественное слово, «массовая культура», Фарзона, художественное отражение, образ и т. д. Keywords: national culture, globalization, digital technology, artistic expression / poetic language, "mass culture", Farzona, artistic reflection, image / literary image, and so on. СAРСУХAН Муаррих ва этнографи маъруф Лев Гумилёв, таъсири муҳити табиӣ, “геотсеноз ва сиотсинези “Ватан”-ро дар ташаккули гурӯҳҳои гуногуни этникӣ таҳқиқ намуда, ба хулосе омадааст, ки Ландшафт – табиати маҳалли истиқоматии одамон ба ҷараёни ташаккулёбии вижагиҳои гурӯҳҳои этникӣ ҳатман таъсир мерасонад11. Пас, нақши муҳити этникиро дар ташаккулёбии фарҳанги мардумӣ ва адабиёти миллӣ ба эътибор гирифтан мебояд. Зеро ҳар як эҷодкор, аз ҷумла Фарзонаи Хуҷандӣ дар муҳити муайяни ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ кору эҷод мекунад ва табиист, ки дар осори ӯ вижагиҳои ҷуғрофиё ва шебу фарози фарҳанги маънавии ҷомеа инъикос меёбад. Вақте сухан аз бозтоби муҳити зист дар ашъори шоир меравад, хоҳу нохоҳ ашъори иҷтимоии ӯ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор мегирад. TAҲЛИЛИ MEТOДҲO ВA AДAБИЁТ Дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла форсӣ-тоҷикӣ адиби соҳибзавқеро наметавон пайдо кард, ки ба тасвири бадеии табиат напардохта бошад. Бино ба андешаҳои адабпажӯҳон, “...корбурди шоиронаи анвои наботот ва гулу гиёҳон дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, бавижа шоирони аҳли тасаввуф метавонад маонии мармуз ва касрати эҷодии истилоҳоти ирфониро дар заминаи ин мафоҳим таъмин намояд, ки Мавлонои Балхӣ аз пешгомони ин ҷодаи суханварӣ маҳсуб меёбад” 12. Вақте сухан аз бозтоби муҳити зист дар ашъори шоир меравад, хоҳу нохоҳ ашъори иҷтимоии ӯ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор мегирад. Ин ё он ҷиҳати ашъори иҷтимоии Фарзонаро бисёр назарияпардозони каломи бадеъ нақду баррасӣ кардаанд.13 Сурайё Ҳакимова - шоир ва муҳаққиқ доир ба ашъори иҷтимоии Фарзона таҳқиқоти муфассалеро анҷом додааст.14 Мо, дар ин мақола, асосан шеърҳоеро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаем, ки фарогири ин ё он ҷиҳати фарҳанги мардумӣ буда, ҳадафи аслии шоир ҳифзи арзишҳои 11 Гумилёв. Л. Этнослар ва табиий муҳит. https://ziyouz.uz/ilm-va-fan/ 12 Мусозода Ҳ.Таҷассуми рамзҳои ирфонии гулу гиёҳ дар ғазалиёти Мавлоно. https://cyberleninka.ru/article/n/ 13 Мирзоюнус М. Осорномаи Фарзона. – Хуҷанд: ҶММ Хуросон, 2021 14 Ҳакимова С. Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – С. 106-118. 96 International scientific journal “Interpretation and researches” Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2 фарҳанги маънавии миллӣ аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар мебошад. Ба сифати воситаи тасовири бадеъ ва ифодаи андешапардозиҳои орифона ҳунармандона ба кор гирифтани ҷузъиёти ландшафти миллӣ дар ашъори Фарзона зиёд ба назар мерасад ва метавон гуфт, ки шоир аз мактаби Мавлонои Балхӣ баҳраҳои зиёд бардоштааст, байни шоирони кунунии тоҷик бо эҷодкорона идома додани анъанаи суварнигориҳои орифона имтиёз дорад. МУҲOКИМA ВA НAТИҶAҲO Мо, дар ин мақола, асосан шеърҳоеро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаем, ки фарогири ин ё он ҷиҳати фарҳанги мардумӣ буда, ҳадафи аслии шоир ҳифзи арзишҳои фарҳанги маънавии миллӣ аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар мебошад. Дар як силсила ашъори дардангези иҷтимоии Фарзона, аз қабили “Соқинома ё чакомаи ваҳдат”, “Номаи даъват”, “Меҳроби сарнагун”, “Кӣ хушбахт аст?”, “Зане радифи ранҷҳои ҷовидон”, “Гули Марям”, “Нигоҳполо”, “Фурсати нигоҳ”, “Аз шикаст то нусрат”, “ Аз компутер то гандум”, “Дидор”,15 “Имони бисмил”, “Асорат”, “Девбод”, ”Кимиёи сабз”,16 дар натиҷаи рӯ ба таназзул ниҳодани фарҳанги аҷдодӣ сар задани мушкилоти моддиву маънавии ҷомеа мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд. Масалан, дар шеъри “Меҳрубонӣ чӣ буд?” ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо тамоми ҷузъиёт ва манзараҳои дӯзахияш ба тасвир омадааст. Қашшоқӣ, харобиҳои моддиву маънавӣ, сардиҳои асливу маҷозӣ, бемеҳрӣ... Мардум меҳрро, ҷавҳари аслии фарҳанги чандҳазорсолаи худро фаромӯш кардаанд. Бурду бохту ғаму шодии муҳити иҷтимоии шоир дар ашъори ӯ бо андешаи густардаи бадеӣ, нигоҳи фарогир, ҳассосият ва дилсӯзии ба Фарзона хос тасвир шудааст. Таваҷҷӯҳ кунед, ш

Доказательный фрагмент

«This article investigates and analyzes the artistic reflection of national spiritual culture, the negative impact of globalization, “mass culture,” the misuse of modern technologies—particularly the digital-computeriz…»

Образец извлечения

Демо-превью

This article investigates and analyzes the artistic reflection of national spiritual culture, the negative impact of globalization, “mass culture,” the misuse of modern technologies—particularly the digital-computeriz… Полный текст публикации CiteX не хранит — доступ к первоисточнику открывается по DOI согласно лицензии издателя и выбранному плану.

DOI не указан
Цитирований
0
Просмотров
0
Тип
Журнал
Страна
Узбекистан
Ключевые слова
national culture, globalization, digital technology, artistic expression
Спросить CiteX об этой работе

Смежные источники